Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Фестивал аз рӯи номинатсияҳои зерин: «Намоиши либосҳои қадимии маҳал», «Намоиши либосҳои рӯзмарра», «Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона», «Намоиши либосҳои расмӣ» ва «Намоиши намудҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ» доир гардид. Дар он ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, коркарди матоъҳои миллӣ – шоҳӣ, атлас, адрас, гулбаст ва алоча пешниҳод шуданд.
Бояд гуфт, ки фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, баргузор мешавад.
Дар фарҷом беҳтаринҳо барои иштирок дар даври вилоятии фестивал-озмун роҳхат гирифтанд. Ин нишони қадршиносии заҳмат ва маҳорати онҳо дар рушди ҳунарҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.
Баргузории чунин фестивалҳо заминаи мусоид барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон дар сатҳи баланд мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






