Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт

Апрель 5, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Ҳисор маъракаи кишти пунбадона оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр, кишти пунбадона дар якчанд хоҷагии пахтакорӣ шуруъ шуда, деҳқонон азм доранд дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд иҷрои дурнамои кишти пахтаро дар зиёда аз 800 гектар таъмин намоянд. Кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии шарикии «Мурутак»-и Ҷамоати деҳоти Ориён бо иштироки роҳбарият, кормандони соҳаи агросаноатии шаҳр ва бо дуои пирони кор- деҳқонони собиқадор оғоз шуд.

Роҳбарияти шаҳр ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор бо ҷараёни кишти пунбадона бо усули зери плёнка шинос шуда, бо роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии пахтакор оид ба бартарияти ин усул суҳбат карданд. Гуфта шуд, ки истифодаи таҷрибаҳои пешрафта, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка якчанд бартарият дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат замина мегузорад. Ин усул хароҷоти истеҳсолиро кам карда, ба афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат менамояд. Минбаъд зарур аст, ки дигар хоҷагиҳои пахтакор низ зина ба зина ба ин усул гузаранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 5, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид