Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак пурра иҷро гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.
Зимни маросими гусели даъватшавандагон масъулин аз аҳамияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ ёдовар шуда, ба ҷавонон барои хизмати содиқона барору комёбӣ орзу карданд.
Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ буда, дар тарбияи насли солим ва ҳифзи амнияти давлат нақши муҳим мебозад.
«Бо иҷрои пурраи нақша дар рӯзи якум шаҳри Норак бори дигар собит намуд, ки ҷавононаш дорои руҳияи баланди ватандӯстӣ буда, дар ҳифзи марзу буми мамлакат содиқона саҳм мегузоранд», – гуфта шуд зимни маросими гусели даъватшавандагон.
Иброз гардид, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол ба сол беҳтар гардида, барои сарбозон тамоми имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷавононе, ки ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуданд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






