Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд

Апрель 7, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 07.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пайдоиши малахи марокашӣ ба мушоҳида мерасад. Барои нобуд кардани ин ҳашароти зараррасон чораҳои зарурӣ гузаронида мешаванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар  мавзеи Аспреси ноҳияи Панҷ аз 4 апрел пайдоиши малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст. Барои нобуд намудани ин ҳашароти зараррасон чораҳои зарурӣ гузаронида шуда, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ва фаъолон техника ва таҷҳизоти махсус сафарбар карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз экспедитсияи мубориза бар зидди малахи ноҳияи Панҷ барои гузаронидани корҳои безараргардонӣ 240 литр заҳрхимикат дастрас намуда, коркардҳои ҳаррӯза ба роҳ монда шудаанд.

Ба хотири пешгирӣ аз хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон ва омодагии доимии техникаҳо Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шудааст. То имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пешгирии паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидаанд.

Мутахассисони соҳавӣ таъкид мекунанд, ки паҳншавии галавии малах метавонад боиси зарари ҷиддӣ ба чарогоҳҳо ва зироати кишоварзӣ гардад. Намудҳои галаҳои малах одатан қобилияти зуд ҳаракат кардан дошта, дар муддати кӯтоҳ масофаи зиёдеро тай мекунанд. Агар тадбирҳои саривақтӣ андешида нашаванд, онҳо метавонанд чарогоҳҳо ва зироати кишоварзиро пурра нобуд созанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 7, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?