Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд

Апрель 3, 2026 17:55

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Амфитеатри Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз намуд, ки хизмати ҳарбӣ қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус буда, ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту суботи давлат вазифаи асосии  ҷавонмардони ватандӯст маҳсуб мешавад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҳақиқии мардонагӣ, ҷасорат, шуҷоат ва садоқат ба Ватан буда, дар он ҷавонон обутоб ёфта, ба ҳимоятгарони воқеии давлату миллат табдил меёбанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар қисмҳои ҳарбии мамлакат бо ғамхориҳои доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад.

Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулият, интизоми намунавӣ ва иродаи қавӣ хизмат намуда, Ватанро содиқона ҳимоя кунанд ва номи неки падару модарро баланд бардоранд.

Падару модарон низ фарзандонашонро бо дуои нек ва эҳсоси ифтихор гусел намуда, ба онҳо роҳи сафед, тансиҳатӣ ва хизмати шарафмандона орзу карданд.

Бояд гуфт, ки дар нахустин рӯзи гусели даъватшавандагон дар вилояти Суғд нақшаи муқарраршуда 46 фоиз иҷро гардид.

Маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд муташаккилона идома дошта, ҷавонони зиёде бо руҳияи баланд барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ- ҳифзи марзу буми Ватан омода ҳастанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

 

Апрель 3, 2026 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд