Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд

Апрель 29, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  То 1 апрели соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии мамлакат 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  3,5 баробар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз масоҳати умумии боғҳои нав бунёдшуда 255,0 гектар ба мевагиҳои тухмдор, 189,0 гектар ба мевагиҳои донакдор, 78,9 гектар ба меваҳои мағздор, 1,4 гектар ба меваҳои субтропикӣ ва 32,5 гектар ба буттамевагиҳо рост меояд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 336,5  гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд. Ин раванд шаҳодати беҳтар гардидани истифодаи заминҳои камҳосил ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо мебошад.

Инчунин дар ин давра 27,1 гектар токзори нав бунёд гардидааст, ки аз ин ҳаҷм қисми муайяни он дар заминҳои лалмӣ ҷойгир мебошад. Ҳамзамон 770,3 гектар боғҳо ва 72,1 гектар токзор барқарор карда шудаанд, ки ба беҳтар гардидани ҳолати агротехникии боғу токзори мавҷуда мусоидат менамояд.

Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.

Қабул ва татбиқи барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат имконият дод, ки боғдорӣ ба соҳаи муҳиму сердаромади кишоварзӣ табдил ёбад. Имрӯзҳо дар партави омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои сабзазоркунию хуррамсозӣ ва ободонию бунёдӣ вусъати тоза мегиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд