Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. То 4 апрел кишоварзони Тоҷикистон дар 23 320 гектар пунбадона кишт намуданд, ки аз он ба вилоятҳои Суғд 2701 гектар, Хатлон 22 597 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 гектар рост меояд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медиҳад.
Дар айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ маъракаи кишти пунбадона идома дорад.
Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.
Кишоварзон тухмиҳои босифатро бо ҷалби техникаҳои муосир кишт менамоянд. Инчунин тухмиҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода карда мешаванд.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ пахтакорони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?






