Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар шаҳри Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки ба баррасии масъалаҳои муҳими амниятӣ ва ҳамкории минтақавӣ бахшида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои таҳқиқотии стратегии назди роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, пажуҳишгарон ва коршиносони соҳа иштирок менамоянд.
Форум дар шароите гузаронида мешавад, ки меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои асосии сиёсати глобалӣ то андозае суст гардида, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиду хатарҳои нави ҷиддӣ ба миён омадаанд. Дар баробари ин, вазъи кунунӣ имконияти нави стратегиро низ барои рушди ҳамкории гуногунҷанба фароҳам месозад.
Дар доираи форум масъалаҳои марбут ба таҳкими амнияти минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






