Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад

Апрель 24, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 дар доираи ташаббуси дарозмуддати экологӣ – «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад. Чунин иброз намуд раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ дар Саммити минтақавии экологӣ дар Остона. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини рушди устувори муҳити зист мебошад. Ин санад ба афзоиши майдони сабзазорҳо, барқарорсозии ҷангалзорҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудааст. Аз ҷумла ҳадафҳои муҳим — ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии равандҳои биёбоншавӣ, коҳиш додани таназзули хок ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошанд.

«Ҳамзамон татбиқи Барнома, ба беҳтар шудани сифати ҳаво, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи табиат барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард», — илова намуд Баҳодур Шерализода.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд