«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт

Апрель 14, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Дидор» намоиши бошукуҳи осори тармимшуда ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин осорхона хабар доданд, намоиши «Дидор» рамзи эҳтиром ба таърихи санъати миллӣ ва таҷассуми таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба ҳифзи сарватҳои маънавӣ дар соли ҷашнӣ мебошад. Намоиш то 20 май идома меёбад.

Намоиш идомаи тадбирҳои созанда дар самти эҳё ва ҳифзи мероси гаронбаҳои фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, меҳвари намоишро 73 мусаввараи нодир ташкил медиҳад. Ин мусаввараҳо маҳсули дасти рассомони маъруфи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошанд.

Хусусияти хоси намоиш он аст, ки ин осор аз солҳои 1960 ба маърази тамошо гузошта нашуда буд. Сабаби асосии он ба тармим ниёз доштани асарҳо буд. Ҷойгоҳи махсусро дар намоиш асари рассоми олмонӣ Винклер А. «Манзараи кӯҳӣ. Миёнаи асри XIX» ишғол мекунад, ки қадимтарин намуна дар коллексияи пешниҳодшуда буда, ҳамчун «гавҳари намоиш» шинохта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки тамоми осори дар намоиш гузошташуда пас аз раванди мураккаби тармиму таҳким бори аввал ба маърази тамошои омма гузошта шуд. Экспозитсияи намоиш аз ҷиҳати жанр ва сабк хеле рангин буда, асарҳои воқеъгароёна ва тахайюлиро фаро мегирад.

Зимни тамошои намоиш тамошобинон имкон пайдо намуданд, ки бо беҳтарин намунаи жанрҳо-чеҳранигорӣ, манзаранигорӣ, тасвири лаҳзаҳои таърихӣ ва рӯзгори мардум шинос шаванд.

Дар канори мусаввараҳо инчунин намунаҳои гуногуни ҳайкалтарошӣ, осори санъати ороишӣ-амалӣ, аз қабили кулолгарӣ ва кандакории бадеӣ пешкаши меҳмонон мегардад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 14, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд