Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Апрель 7, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Амалӣ намудани манфиатҳои миллӣ дар замони тағйирпазирии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии тамоми қишрҳои ҷомеа  имрӯз яке аз масъалаҳои хеле муҳим дониста мешавад. Маҳз ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон неруи пешбарандаи рушди ҷомеа ва заминаи асосии фаъолнокии одамон ба шумор рафта, кафили пешрафти давлату миллат маҳсуб мешавад, ки шаҳрвандони мо бояд аз онҳо огоҳии комил дошта бошанд. Ин матлаб имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма ва марказҳои матбуотӣ дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм» баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки сатҳи огоҳӣ дар ҷомеа баёнгари сатҳи маърифатнокӣ дар он аст. Нақши илму дониш ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеа вусъат гирифта, бо истифода аз зарфияти зеҳнӣ ваҳдати фикриро ба вуҷуд меоварад.

Ҳамоиш дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ва бо мақсади иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», инчунин дигар барнома ва стратегияҳои давлатӣ баргузор карда шуд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз намуд, ки  воситаҳои ахбори омма ва марказҳои матбуотӣ метавонанд дар пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, ташаккули афкори солими ҷомеа ва ҳифзи фазои иттилоотӣ нақши калидӣ бозанд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, истифодаи усулҳои муосири иттилоотӣ ва тақвияти корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ баррасӣ карда шуданд.

Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини амният, суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар суханрониҳо ва паёмҳояшон пайваста зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон, махсусан ҷавононро дар муқобили зуҳуроти номатлуб таъкид менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҳадафҳои дарозмуддат дар доираи «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040» ба роҳ монда шудааст. Он ба таҳкими низоми миллии амният, рушди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пешгирии радикализатсия, бахусус дар байни ҷавонон, инчунин тақвияти нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули фазои солими иттилоотӣ равона шудааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон оид ба тақвияти фаъолияти муштарак дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад