«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад

Апрель 7, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Роҳи «Данғара-Гулистон» бо дарозии 50 километр бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд (БОР) ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар доираи барномаи намоишии «Долони сабз» навсозӣ карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар вилояти Хатлон бо маҳали сохтмони қитъаҳои роҳи мошингарди «Данғара – Гулистон» ва «Гулистон – Фархор» шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо бунёди роҳи «Данғара – Гулистон», ки нахустин лоиҳа дар ин минтақа дар доираи барномаи «Долони сабз» арзёбӣ мешавад, ба баъзе ҷанбаҳои муҳандисии корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, баъд аз баромадан аз шаҳраки Данғара дар баъзе мавзеъҳо зарурати тахлия ё поксозии қабати замин аз обҳои ҷамъшуда бо мақсади пешгирии намнокӣ, нигоҳ доштани устувории пӯшиши роҳу иншооти ёрирасон ва таъмини истифодаи бехатари онҳо таъкид ва ба сохтмончиён дастурҳои мушаххас дода шуд.

Бояд гуфт, ки роҳи мазкур солҳои 30-юми асри гузашта бунёд ва солҳои 70-ум таҷдид карда шудааст. Роҳи «Данғара – Гулистон» бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии рушд ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи барномаи намоишии «Долони сабз» навсозӣ карда мешавад. Дар ин хусус 24 феврали соли 2025 байни фармоишгари лоиҳа – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ – ширкати роҳсозии «Hunan Road and Bridge Construction Group Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин қарордод ба имзо расида буд.Чунин роҳҳо тибқи Дастури Бонки Осиёии рушд барои бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.

Вазири нақлиёти мамлакат бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи бунёди қитъаи роҳи «Гулистон – Фархор» шинос шуд. Таъкид гардид, ки сарфи назар аз шароити мураккаби вобаста ба хусусияти геологии ин маҳалҳо, аз ҷумла намуди хок, ки ба бехатарӣ, устуворӣ ва самаранокии лоиҳа таъсир мерасонанд, корҳои сохтмонӣ фаъолона пеш бурда мешаванд. Таъкид шуд, ки ҳамаи корҳо бояд дар муҳлати муқарраргашта ва бо сатҳу сифати баланд тибқи меъёрҳои шартномаи пудратӣ ба иҷро расанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?