Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсилу зиндагӣ барои донишҷӯён тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Аз ҷумла, моҳи декабри соли 2025 барои бунёди бинои иловагии хобгоҳ барои донишҷӯён, ки дорои 125 ҳуҷра бо 375 рахти хоб мебошад, санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 25 декабри соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навсохти хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ифтитоҳ гардид.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад. Хобгоҳ барои 460 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар иншоот барои донишҷӯён тамоми шароити зарурии муосир, аз ҷумла утоқҳои барҳавои хоб, толорҳои мутолиа, китобхона, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон фароҳам оварда шудааст.
Бо бунёди бинои нави хобгоҳ масъалаи таъмини пурраи донишҷӯён бо хобгоҳ ҳал мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






