Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд

Апрель 21, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  20 апрел  ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иштирок намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Қабл аз оғози ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ раисони парламентҳои кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар маросими тантанавии гузоштани гулчанбар дар назди Қабри аскари  номаълум дар боғи Александрови назди Қасри Кремл иштирок намуда, хотираи қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳонро гиромӣ доштанд. Иштирокчиёни маросим бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи ҷанговаронеро, ки барои озодӣ ҷон фидо кардаанд, пос доштанд.

Дар ҷаласа Файзалӣ Идизода аз мавқеи доимии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна буҳрону муноқишаҳо танҳо тавассути музокирот ва талошҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Татбиқи самаранок ва ҳамаҷонибаи санадҳо ва қарорҳои қабулшуда дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аҳаммияти махсус дорад. Файзалӣ Идизода изҳори итминон намуд, ки чорабиниҳои барои соли равон банақшагирифтаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла машқҳои муштараки ҳарбӣ муваффақона баргузор мегарданд.

Файзалӣ Идизода ба пешбурди ташаббусҳои миллӣ дар доираи Созмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.  Ҳамзамон таъкид намуд, ки ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин санадҳои намунавӣ ва тавсияҳои  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ташаккули заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ барои муқовимати фаъолона ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир нақши муҳим доранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 21, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд