ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд.
Зимни маросими тантанавӣ иброз гардид, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат барои рушду шукуфоӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлол талоши бештар менамоянд.
Афзудани шумораи даъватшавандагони ихтиёрӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номуси ноҳия ифодаи он аст, ки насли ҷавон аз ғамхорию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, бо амри дилу виҷдон ба хизмати ҳарбӣ меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид доштанд, ки «дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён — аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобастагӣ дорад».
«Ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба хизмати ҳарбӣ меравад ва Савганди ҳарбӣ ёд мекунад, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд»,-гуфта шуд зимни маросими гусели даъватшавандагон.
Дар охир чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқона таманно намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд






