ХИЗМАТ ДАР МАКТАБИ БУЗУРГИ МАРДОНАГИЮ ВАТАНДӮСТӢ ШАРАФ АСТ. Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд

Апрель 1, 2026 17:07

РАШТ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчи хоҳад, адо мекунем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар ин чорабинӣ раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро ба сафи Артиши миллӣ гусел карданд.

Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз дошт, ки маҳз натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳифзи марзи он пайваста зиёд мегардад. Ҷавонони бонангу номуси ноҳияҳои минтақаи Рашт масъулияти шаҳрвандӣ ҳис намуда, сари вақт ва ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ дохил гардиданд. Ин гувоҳи он аст, ки имрӯз сафи ҷавонони ватандӯст зиёд гашта, иҷрои уҳдадориашонро дар назди Ватан-Модар дарк менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «хизмат ба Ватан, аслан, хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули заҳмати осоишта мебошад. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бе онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад». Аз ин рӯ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, мактаби бузурги мардонагию ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Наваскарон хизмати Ватанро содиқонаву сарбаландона ба ҷо оварда, хоки онро бо матонату шуҷоати бепоён ҳифз менамоянд.

Дар чорабинии мазкур ба зиёда аз 150 даъватшавандае, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои дохил шудан ба сафи Артиши миллӣ ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Даъватшаванда Худойназар Илёсов аз ноҳияи Лахш иброз намуд, ки «ҳимояи давлату миллат ин ҳимояи модару хоҳару номуси ҳар ҷавонмард бояд бошад. Саркашӣ кардан аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ хиёнат намудан ба Ватану Модар ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ ба ҷавонони ҷумҳурӣ гуфтаниям, ки ҷавонмарду баномус бошанд ва ба хотири ҳифзи номуси худ ба сафи Артиши миллӣ пайваст гарданд».

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2026 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид