Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд

Апрель 1, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» ҳамоиши байналмилалии сиёсӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.

Ҳамоиши байналмилалӣ ба масъалаҳои такмили низоми ҷаҳонии савдо ва рушди механизмҳои муосири мусоидат ба савдои байналмилалӣ бахшида шуда, дар он роҳбарони мақомоти гумрук ва намояндагони сатҳи баланд аз 10 кишвар иштирок намуданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва омӯзиши равишҳои муосир дар соҳаи идоракунии гумрукӣ равона шудааст.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Мёнг-ку Ли аҳамияти таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар шароити рақамисозии босуръат ва рушди савдои ҷаҳонӣ таъкид намуд. Изҳор гардид, ки мақомоти гумрук дар баробари таъмини риояи қонунгузорӣ ва амнияти савдои байналмилалӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои суръат бахшидан ба ҳаракати мол тавассути сарҳад нақши калидӣ доранд.

Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои трансформатсияи рақамии равандҳои гумрукӣ, ҷорӣ намудани механизми «Равзанаи ягона», рушди савдои беҳуҷҷат ва мубодилаи электронии маълумот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва таҳлили маълумоти калон ва рушди савдои электронии фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Иштирокдорони ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Инчеон бо инфрасохтори муосири гумрукӣ ва логистикии Ҷумҳурии Корея аз наздик шинос шуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд