ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар ноҳияи Вахш нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шуд

Апрель 1, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш иҷро гардид. Дар хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Рӯзи даъватшаванда — маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо иштироки ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастаанд ва волидайни онҳо баргузор гардид.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст».

Дар мамлакат шуруъ аз 1 апрел маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш

Апрель 1, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид