КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарвари ноҳияи Ҷайҳун Исмоилхуҷа Давронов ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад. Имсол низ ӯ чор қуттӣ кирмак гирифта, нақша дорад, ки аз ҳар қуттӣ то 35 килограммӣ пилла истеҳсол намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Пиллапарварони Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола дар парваришу нигоҳубини кирмак пешсаф мебошанд. Дар айни замон ба 40 нафар сокини ин ҷамоати деҳот 120 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст. Аллакай кирмак дар хоби сеюм қарор дорад.
Оилаи Исмоилхуҷа Давронов солиёни зиёд аст, ки ба кирмакпарварӣ машғул буда, барои босифат ҷамъоварӣ намудани он якҷоя бо аҳли хонавода заҳмат мекашанд.
Иброз гардид, ки ҳар қуттии кирмак аз 18 то 20 грамм вазн дорад. Кирмакпарварон мақсад доранд, ки ҳосили баланди маҳсулот ба даст оварда, дар рушду нумӯи пиллапаварӣ, ки истеҳсоли он ба омода намудани матоъҳои хушсифати ватанӣ, аз қабили атласу адрас ва бофандагӣ мусоидат менамояд, саҳми арзишманд гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 1 декабри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок маҳсуб мешавад. Истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






