Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 май дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир мегардад. Аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» оид ба баргузории ин конфронс чунин иттилоъ доданд:
— Баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин бовари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мамлакати мо на танҳо эътирофи суботу амният, балки тасдиқи нақши калидии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори аграрӣ мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди масъул дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин конфронс тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани конфронс масъалаҳои тадорукотию ташрифотӣ, ҷудо намудани толорҳо барои гузаронидани ҷаласаҳо ва таъмин намудан бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, ташкили меҳмоннавозӣ, таъмин бо ҷои иқомат ва гузаронидани намоишгоҳи молу маҳсулоти агросаноатӣ дар назар дошта шудааст.
Тибқи барнома, дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ маҷмуи васеи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди кишоварзии органикӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, масъалаҳои саҳми занони деҳот ва ҷавонон дар рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мегарданд.
Дар он иштироки намояндагон аз 54 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои нозир ва созмону ташкилоти байналмилалию минтақавӣ ва бахши хусусӣ дар назар дошта шудааст.
Аз 11 то 15 майи соли 2026 гузаронидани чорабиниҳои алоҳидаи канорӣ барои гурӯҳҳои гуногун ва манфиатдор ба нақша гирифта шудааст. Чорабиниҳои мазкур аз мавзуъҳои зерин иборат мебошанд:
— Пайвасти оянда: Форуми ҷавонон таҳти унвони «Табдил додани низоми якҷояи агроозуқаворӣ»;
— Муколамаи сармоягузорӣ;
— Муттаҳидшавӣ барои устуворӣ. Таҳкими устувории низомҳои кишоварзӣ;
— Вокуниши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба буҳронҳои сершумор дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ;
— Афзалияти минтақавӣ. Чаҳоргонаи беҳтар ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;
— Натиҷаҳои минтақавӣ. Чаҳор самти беҳтар ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;
— Биоиқтисод ва шарикӣ;
— Чорабинии махсус доир ба масъалаи занон.
Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани платформаи расмӣ барои иштирокдорон аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи мушкилот, муайян кардани афзалият (рушди устувори озуқаворӣ, рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳо) ва андешидани тадбирҳо барои тағйир додани низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.
Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз моҳи октябри соли 1949 баргузор шуда, аввалин ҷаласаи он дар Рим доир шудааст.
Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ соли 2018 дар Федератсияи Русия, соли 2020 дар Ҷумҳурии Узбекистон (дар шакли маҷозӣ – дар давраи КОВИД-19), соли 2022 дар Полша, соли 2024 дар Ҷумҳурии Италия ва имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаҳои охир барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидаанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии чунин чорабиниҳо, балки ташкилкунанда ва ташаббускори онҳо низ мебошад, ки ин нуфузи байналмилалии мамлакатро боз ҳам баланд мебардорад. Ин чорабиниҳо на танҳо барои баррасии масъалаҳои глобалӣ, балки барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ замина фароҳам меоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд






