«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд

Апрель 3, 2026 10:43

ФАЙЗОБОД, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Файзобод чорабинии Рӯзи даъватшаванда бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ҳамоиш ҷавонони зиёди синни даъватӣ таҳти шиори «Марзу буми Ватанро содиқона ҳифз менамоем!» бо дуои неки падару модарон  ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд.  Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд масъулини  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд. 

Иброз гардид,  ки Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар фарзанди миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллатро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд. Ҷавонони бономуси ноҳияи Файзобод моҳияти ин суханҳоро хуб дарк намуда,  имрӯз ҷамъ омаданд, то ба хизмат рафта, дар назди Ватан – Модар қарзи фарзандиашонро иҷро намоянд.

Волидайни ҷавонони ихтиёрӣ азми хизмати Ватаннамуда иброз доштанд,  ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомии мамлакат шароити хуб муҳаё гардидааст ва фарзандони мо обу тоб ёфта, ба Ватан хизмат намуда, сарбаландона ба  диёрамон бармегарданд.  Аз ин рӯ ҳар падару модар  бояд фарзандонро барои ҳифзи Ватан, номус ва обрӯйи давлату миллат тарбия намояд ва сарбаландона онҳоро ба сафи Артиши миллӣ  гусел карда, вазифаи шаҳрвандияшро иҷро кунад.

Дар даъвати баҳорӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 70 ҷавони синни даъват даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро  хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Апрель 3, 2026 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд