МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад

Апрель 12, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар таркиби чукрӣ (ревоҷ) витамини С, кислотаҳои органикӣ (ҷавҳари лимӯ, себ ва оксалат), инчунин намакҳои калий (К), калсий (Са), фосфор (Р) ва магний (Mg) мавҷуданд. Истеъмоли он ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат карда, барои муолиҷаи диққи нафас, дарди меъдаю рӯда, илтиҳоби ҷигар, иллати гурдаву масона ва чун маводи иштиҳоовар тавсия дода мешавад. Чунин маслиҳат медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Дар таркиби баргу пояи растании чукрӣ 95 фоиз об, 7 фоиз сафеда, 2,9 фоиз қанд, 1 фоиз нахи ғизоӣ ва 1 фоиз кислотаи органикӣ мавҷуд аст. 100 грамми он 16 килокалория энергия дорад.

Ба тавсияи мутахассисон, дар таркиби чукрӣ 325 милиграмм калий, 35 милиграмм натрий, 44 милиграмм калтсий ва 17 милиграмм магний ва фосфор, каротин, витамини B1, B2, витаминҳои PP ва витамини С мавҷуд мебошанд.

Қисматҳои истифодашавандаи он дар тиб — барг, поя, реша, кундареша ва тухми растанӣ мебошанд, ки муҳлати нигоҳдорияшон  то се сол аст.

Абӯалӣ ибни Сино истеъмоли ин гиёҳро барои муолиҷаи диққи нафас, дарди меъдаю рӯда, илтиҳоби ҷигар, иллати гурдаву масона ва чун маводи иштиҳоовар тавсия додааст.

Дар тибби мардумӣ чукриро чун гиёҳи иштиҳоовар ва барои табобати илтиҳоби меъда ва ҷигару талхадон, тангшавии роҳҳои талха, табларза ва камхунӣ истифода мебаранд. Дар тибби муосир чукриро барои илтиҳоби пардаи луобии меъда, яъне гастрит, ки бар асари ин беморӣ хосияти шираҷудокунии меъда паст мешавад, тавсия менамоянд. Чукриро ба беморони дорои фишори баланди хун низ тавсия медиҳанд. Дар тибби муосир хока (0,1-0,3 г), шарбат ва қиёми спиртии решаи чукрӣ ҳамчун воситаи исҳоловар ва тақвиятбахши кори рӯда истифода мешавад.

Ба тавсияи мутахассисон, он моддаҳои ғафсгаштаи баданро пароканда мекунад, кори меъда, ҷигар ва узвҳои гарммиҷози даруни шикам ва синаро қавӣ мегардонад, иштиҳоро мекушояд ва ташнагиро мешиканад,  шиддати ҷӯшиши сафроро паст мекунад, қайи сафровӣ ва беҳузур шудани дилро қатъ месозад ва фишори баланди хунро паст менамояд.

Мутахассисон таъкид менамоянд, ки аз истеъмоли он бояд боэҳтиёт ва мувофиқи меъёр бошад. Аз ҳад зиёд истеъмол кардани чукрӣ метавонад боиси нороҳатӣ дар меъдаву рӯда гардад. Пеш аз истифодаю табобат машварати табиб тавсия дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА БӮИ ИШҚ, БӮИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БӮИ ВАТАН МЕКУНАД. Эҳдо ба 115-солагии Мирзо Турсунзода
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!