Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 рӯз беш аз 80 фоизро ташкил дод. Дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вилояти Хатлон низ яке аз пешсафони ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Айни замон нақшаи даъват дар вилоят 96,2 фоизро ташкил намуда, сафарбарӣ ба қисмҳои низомӣ идома дорад.
Иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 57,5 фоиз баробар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 68,3 фоиз иҷро шуд.
То имрӯз нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и мамлакат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ 80,1 фоизро ташкил медиҳад.
АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд






