Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд

Апрель 29, 2026 14:38

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар  Италия осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Осорхона  ба ҳаёт, фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва муҳандисии мутафаккири барҷастаи давраи Эҳё Леонардо да Винчи бахшида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои маъруфи фарҳангӣ ва маърифатии Италия шинохта мешавад.

Зимни тамошои толорҳои экспозитсионии осорхона меҳмонон бо зиёда аз 50 намунаи ихтироот ва дастгоҳҳое, ки дар асоси нақшаҳо, пажӯҳишҳо ва дастнависҳои Леонардо да Винчи таҷдид ва бозсозӣ шудаанд, шинос гардиданд. Экспонатҳои мазкур сатҳи баланди тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии фарогир ва иқтидори муҳандисии ин шахсияти таърихиро инъикос менамоянд.

Аз ҷумла, дар доираи экспозитсияҳо намунаҳои нахустини мошини зиреҳпӯш, катапулт, таҷҳизоти муҳосиравӣ, механизмҳои борбардор, воситаҳои ҳаракат, дастгоҳҳои парвозкунанда, болҳои сунъӣ ва дигар тарҳҳои техникию муҳандисӣ муаррифӣ шудаанд. Қисми зиёди ин ихтироот дар марҳилаҳои баъдии рушди илм ва технология татбиқи амалӣ пайдо намудаанд.

Таваҷҷуҳи махсусро бахши марбут ба лоиҳаи «Шаҳри идеалӣ» ҷалб менамояд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Леонардо да Винчи баъд аз паҳншавии бемории вабо дар шаҳри Милан таҳия гардида, масъалаҳои шаҳрсозии муосир, танзими ҳаракат, шабакаҳои обрасонӣ, низоми беҳдошт ва банақшагирии муҳити шаҳриро дар бар мегирад. Ин тарҳ намунаи барҷастаи андешаи пешқадами меъморӣ ва иҷтимоии давр арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон дар осорхона нусхаҳои осори маъруфи рассом, аз ҷумла асари машҳури «Мона Лиза», «Шоми охирин» ва дигар асарҳои шинохтаи ӯ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки ҷанбаҳои гуногуни истеъдоди эҷодии ин нобиғаи ҷаҳониро муаррифӣ менамоянд.

Леонардо да Винчи на танҳо рассоми барҷастаи давраи Эҳё, балки донишманди нодир ва мутафаккири бузург ба шумор мерафт, ки дар рушди санъат, тиб, физика, муҳандисӣ, меъморӣ, анатомия ва дигар соҳаҳои илм саҳми беназир, арзишманд ва мондагор гузоштааст. Мероси илмӣ ва эҷодии ӯ то имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дошта, ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш барои пешрафти тамаддуни башарӣ аҳамияти бузург касб менамояд.

Боздиди мазкур аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи миллӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешқадами муассисаҳои осорхонавии Италия, шиносоӣ бо усулҳои муосири ташкили экспозитсияҳо, ташкили  барномаҳои маърифатӣ ва механизми ҷалби тамошобинон аҳамияти амалӣ дорад.

Чунин шиносоӣ ва табодули таҷриба ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва рушди иқтидори касбии соҳаи осорхонадорӣ мусоидат менамояд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 29, 2026 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст