Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Қабл аз оғози чорабинии идона дар саҳни бинои академия аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии академия хони наврӯзӣ бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ, иборат аз ҳафтсину ҳафтшин ва ҳафтмим ороста шуд.
Роҳбарият ва олимону кормандони Академияи миллии илмҳо бо хони наврӯзии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тарзи оростани дастархонҳо, суннатҳои наврӯзӣ ва намунаҳои ҳунару фарҳанги миллӣ, ки аз ҷониби ҳар муассиса муаррифӣ гардиданд, аз наздик шинос шуданд.
Иброз гардид, ки оростани хони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор рафта, он рамзи фаровонӣ, покизагӣ, некӣ ва оғози соли нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Дастархонҳои наврӯзӣ бо маҳорати хосса ва тарзи хоси миллӣ оро дода шуда, таомҳои анъанавӣ, шириниҳо ва маҳсулоти гуногуни рамзӣ пешкаш гардиданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо — тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар бораи моҳияти ин ҷашни бузург Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки «Наврӯз рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаи имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад».
Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёитабор ба ҳисоб рафта, ба андешаи муҳаққиқон, беш аз панҷ-шаш ҳазор солро дар бар мегирад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки ҷузъи муҳими фарҳанги бостонии халқҳои Шарқ мебошад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён ва Сосониён Наврӯз бо тантанаҳои бузург баргузор мегардид. Подшоҳон дар ин рӯз маросими бошукуҳ баргузор мекарданд, ба мардум туҳфаҳо медоданд ва мардум низ бо шодию хурсандӣ ҳамдигарро табрик мегуфтанд.
Яке аз анъанаҳои муҳими Наврӯз пухтани суманак мебошад. Суманак аз гандуми сабзонида тайёр карда мешавад ва рамзи фаровонию баракати зиндагӣ мебошад. Дар баробари суманак оростани дастархони наврӯзӣ низ аз анъанаҳои қадима ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин хони наврӯзӣ бо таомҳои идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ва ашёи рӯзгор оро дода мешавад. Ҳар яке аз ин таомҳо ва ашё рамзи муайян дошта, ифодагари файзу баракати зиндагӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва руҳияи варзишӣ баромад намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд






