Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад

Апрель 1, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад. Он то 9 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, зимни он намоиши китобҳои бачагона, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ва суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон дар назар аст.

Ҳамчунин дар доираи ин фестивал озмуни беҳтарин иншо дар мавзуи «Ватан нурест андар чашми ҷонам», беҳтарин қироати шеър,  таҳти унвони «Сухан-ҷавҳари хирад» ва озмунҳои «Хонандаи фаъол», «Ҳунар-оинаи дил», «Олам сухани Камол бигрифт…» бахшида ба 705-солагии шоири ғазалсаро Камол Хуҷандӣ баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки 2 апрел дар саросари ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана шуруъ аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакона аз ҷанбаҳои муҳимтарине аст, ки ба наврасон кумак намуда,  таълим медиҳад ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд