Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби соҳибкори ватандуст Хуҷамурод Азимӣ дар доираи таҷлили сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст.
Иншооти навбунёд дар минтақаи саноатии шаҳри Норак, ҷойгир буда, дар он намудҳои гуногуни оби нушокӣ истеҳсол карда мешавад. Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар корхона 30 кас аз сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Тавре зикр гардид, иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 15 ҳазор капсула ва 5 ҳазор зарфи оби нӯшокиро ташкил медиҳад.
Ба иттилои масъулон, дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 31 адад расонида шуда, маҷмуи маҳсулоти соҳа дар панҷ соли охир ба зиёда аз 2 миллиарду 427 миллион сомонӣ баробар гардидааст.
Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 46 номгӯйи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхонаи “Глобал Инвест” дар ҳамин ҷо аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ 7 номгӯйи маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла намудҳои оби нӯшокӣ, равған, собун, капсула, гранула (донаҳои полиэтиленӣ), микросемент ва армасетка ба намоиш гузошта шуда буд, ки дар баробари таъмини бозори дохилии кишвар ба содирот низ нигаронида шудааст.
Дар ин корхона ҳамкории олимон бо истеҳсолот ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, истеҳсоли микросемемент, ки маҳсулоти нодир ба шумор рафта, дар дохил ва хориҷи кишвар харидори зиёд дорад, натиҷаи ҳамкории корхона бо олими ихтирокори тоҷик Комрон Сафарзода мебошад. Ин намуди семент дар сохтмони неругоҳи Роғун низ васеъ истифода мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари боздид аз намоиши маҳсулоти ватанӣ, ҳамчунин аз намоишгоҳи бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалии иборат аз гӯшаҳои маҳсули дасти ҳунармандон, таомҳои гуногуни тоҷикӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва мисли инҳо, ки дар саҳни бинои корхонаи мазкур, ба намоиш гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
Хуҷамурод Азимов дар баробари соҳибкори пешқадами кишвар буданаш, дар тарбияи дуруст, соҳиби маълумоти олӣ ва соҳибкасб кардани фарзандон шахси муваффақ аст. Ӯ фарзандонро ба илм аз худкардану касбомӯхтан ҳидоят кардааст. Натиҷа ҳамин аст, ки духтарон дар ҷамъият ҳар як соҳиби кори худ ҳастанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба соҳибкори ватанӣ Хуҷамурод Азимӣ барои иқдомҳои созандаву ибратбахш изҳори сипос намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон






