Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Корея дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ҳамкории фаъол доранд ва якдигарро дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ дастгирӣ мекунанд. Ин нукта зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Мёнг-ку Ли баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи ҳамоиши байналмилалии сиёсӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо-2026 таҳти унвони «Беҳтар намудани экосистемаи ҷаҳонии савдо» вохӯрии дуҷонибаи роҳбарони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи идоракунии гумрукӣ ва ҳамчунин масъалаҳои мусоидат ба рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлатро баррасӣ намуданд.
Хуршед Каримзода иброз дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Корея дорои хусусияти анъанавии дӯстона ва созанда мебошанд. Таъкид шуд, ки аз соли 2023 инҷониб байни ду давлат афзоиши назарраси гардиши савдои дуҷониба мушоҳида ва нишондиҳандаҳо нисбат ба давраҳои қаблӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин замина мақомоти гумрук нақши калидӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи савдои мутақобил доранд.
Ҳамзамон дар мулоқот ба лоиҳаҳои муштараки амалишаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, аз ҷумла навсозии низоми идоракунии хавфҳо бо дастгирии Ҷумҳурии Корея, ки ба рақамисозии расмиёти гумрукӣ, рушди мубодилаи байналмилалии маълумот ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосири назорати гумрукӣ равона шудааст. Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии техникӣ ва коршиносӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти онро барои таҳкими иқтидори институтсионалии хадамоти гумрукӣ таъкид кард.
Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Мёнг-ку Ли сатҳи баланди ҳамкориро таъкид карда, барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла дар самтҳои рақамисозӣ, идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо изҳори омодагӣ намуд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии муштаракро ба хотири амиқгардонии ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилооти пешакӣ, ҷорӣ намудани қарорҳои муосири рақамӣ, рушди низоми идоракунии хавфҳо, содагардонии расмиёти гумрукӣ, ҳамчунин ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва мубодилаи таҷриба тасдиқ карданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин вохӯрӣ қадами муҳим барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея буда, ба рушди ҳамкории мутақобили судманд мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






