«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» иқдоми шаҳрии ҷавонон доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иқдоми мазкур дар пойтахт аз соати 08:00 то 11:00 баргузор гардида, дар доираи он ҷавонон кӯчаю гулгашт, атрофи бино, хобгоҳҳо, иншооти ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишии пойтахтро тоза менамоянд.
Иқдоми мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Клуби «Волонтёрони экологӣ» ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, пайравии ҷавонони пойтахт аз ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин ташаббуси экологӣ иштироки дастҷамъонаи ҷавонони касбу кори гуногун ва корхонаву муассисаҳои ҳудуди пойтахт дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, варзиш, истиқоматкунандагони хобгоҳҳо зимни ин иқдом кӯчаву гулгашт, боғҳо, каналу ҷӯйбор, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ, бемористон ва оромгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанберо тоза менамоянд.
Иқдоми мазкур ҳамзамон ба хотири тарбияи хуб, рӯ овардани ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба қадри моликияти ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






