Сафири Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд

Апрель 28, 2026 13:59

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкек мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Марлен Маматалиев баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот ба рушди ҳамкории байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо аҳаммияти дипломатияи парлумониро дар таҳкими эътимоди мутақобил, густариши робитаҳо байни кумитаҳои соҳавӣ ва гурӯҳҳои дӯстӣ, инчунин ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар заминаҳои байналмилалии парлумонӣ таъкид намуданд.

Сафир таъкид намуд, ки дар айни замон муносибатҳои ду мамлакат дар маҷрои мусбат рушд ёфта, тавофуқҳои ҳосилшуда оид ба масъалаҳои сарҳадӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ имконияти нав фароҳам овардаанд. Дар ин замина аҳаммияти татбиқи пайгиронаи тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда, инчунин густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳо таъкид гардид.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки бар пояи усулҳои ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобил ва эътимод асос ёфтаанд, ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Апрель 28, 2026 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд