Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин минтақа.
Зимни мулоқоти роҳбари Минтақаи озоди иқтисодӣ Ҷамшед Собирзода бо сармоягузорони чинӣ доир ба имконияти иқтисодию истеҳсолӣ, имтиёзҳо ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот сармоягузорони Чин бо имконоти мавҷудаи минтақа шинос шуда, барои ба роҳ мондан ва рушд додани ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






