Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд

Апрель 11, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ дар фазои ҷаҳонӣ: мушкилоти ҳифзи ҳуқуқ ва дурнамои рақамикунонӣ» баргузор гардид, ки дар кори он судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи асосии иштироки ҳайати судяҳои Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, омӯзиши усулҳои муосири татбиқи қонунгузории байналмилалӣ ва таҳкими амалияи судии самаранок, инчунин баррасии масъалаҳои марбут ба рақамикунонии равандҳои судӣ мебошад.

Иброз гардид, ки татбиқ намудани унсурҳои рақамӣ ба афзалиятҳои рушди ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта метавонад ба пешбурди раванди рақамикунонии низоми судии мамлакатмусоидат намояд.

Иштироки судяҳои Тоҷикистон дар чунин конфронсҳо барои татбиқи дурусти қонунгузорӣ дар амалияи баррасии парвандаҳо, инчунин густариши мубодилаи таҷриба бо судҳои давлатҳои минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Дар фарҷоми конфронс иштирокчиён омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти табодули таҷриба дар самти масъалаҳои баррасишуда изҳор намуданд.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш