ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли 2026 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ –аз дирӯз то имрӯз» симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар он олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок менамоянд. Дар ин хусус дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» санъатшинос, доктори илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аскаралӣ Раҷабов иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки дар ин симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд донишмандону муҳаққиқони кишварҳои хориҷӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба таҳқиқи осори тамаддуни ориёиро баррасӣ намоянд.
Баргузории симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ –аз дирӯз то имрӯз» моҳи октябри имсол дар шаҳри Душанбе марбут ба он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки 20 сол муқаддам- соли 2006 дар Тоҷикистон Соли арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ эълон гардид ва бо тантана ҷашн гирифта шуд. Соли тамаддуни ориёӣ дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон қадами муҳим арзёбӣ гардид, зеро ба эҳё ва таҳкими арзишҳои қадимии ориёӣ нигаронида шуда буд.
Ин иқдом дар эҳёи фарҳанги моддӣ ва маънавии ориёии тоҷикон нақши таърихӣ дошт. Зеро тавассути чорабиниҳои фарҳангӣ ба таҳкими арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти эҳёи арзишҳои бостонии ориёӣ, иштироки муассири давлату ҷомеа дар рушди фарҳангу илм ва баланд бардоштани сатҳи ҳувияти миллии тоҷик равона шуда буд. Ин ташаббус баёнгари аҳамияти бузурги таърихи бостонии ориёии тоҷикон дар сиёсати давлатии фарҳангӣ буда, барои иқдоми нави фарҳангӣ- ташаббуси бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ замина гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба равандҳои муосири яхбандӣ ва динамикаи кӯлҳои баландкӯҳ монография ба нашр расид
Оид ба сиёсишавии дин ва хатари он ба суботи иҷтимоӣ ва амнияти фарҳангии ҷомеа конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни ориëӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






