Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши инфрасохтори рақамӣ зимни вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафир – Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарски Радослав баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамзамон таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди амалисозии лоиҳаҳое равона гардид, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.
Аз ҷумла, фаъолияти лоиҳаҳои амалишуда, ба монанди «C4CA» ва «CIVIT Registry» мавриди арзёбии баланд қарор дода шуд. Иброз гардид, ки ин ташаббусҳо дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва низоми захираҳои иттилоотии давлатӣ саҳми назаррас гузошта, барои такмили идоракунии давлатӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
Ҷонибҳо раванди омодасозии санади ҳамкорӣ бо e-Governance Academy-ро баррасӣ намуда, иброз доштданд, ки баимзорасии ин санад имконият фароҳам меорад, то таҷриба ва дониши пешрафтаи аврупоӣ дар самти ҳукумати электронӣ ба таври назаррас ҷалб гардад.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд






