«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои неки ниёгон донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқдоми тарғиботию-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ин иқдом дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониш доир гардида, иштирокчиён дар байни гулҳои рангоранги лола бо либосҳои миллӣ ҳозир шуда, зебоӣ ва ғановати фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола дар фасли баҳор- дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пеш гирифта мешавад. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ занону гулдухтарон бо либосҳои миллӣ ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт либосҳои тоҷикиро муаррифӣ менамоянд.
Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ соли ҳаштум аст, ки баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдом ҳамасола 1 март оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат иқдом идома дошта, дар доираи он занону духтарон ҳамарӯза либосии миллӣ ба бар менамоянд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд






