Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд

Апрель 15, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори амалиётии молиявӣ, рақобатпазирӣ ва инноватсияи Бонки ҷаҳонӣ Сесил Нианг вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди бахши молиявӣ, тавсеаи дастрасии бахши хусусӣ ба маблағгузорӣ, рушди бозори дохилии сармоя, рақамикунонии иқтисод ва беҳтар намудани фазои сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди назар изҳори омодагӣ намуданд.


Ҳамзамон 13 апрел дар доираи баргузории ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Вазири молия, мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Фирдавс Толибзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ оид ба вазъи кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон маълумоти мушаххас пешниҳод ва натиҷаҳои татбиқи муваффақонаи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), ки аз ҷониби Шурои директорони Хазинаи байналмилалии асъор 18 декабри соли 2025 ҷамъбаст гардид, махсус таъкид карда шуд.

Иҷрои босамари ин барнома ба таҳкими заминаҳои макроиқтисодӣ, боло бурдани шаффофияти буҷетӣ, рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ, такмили сиёсати андозу буҷет ва пешбурди ислоҳоти институтсионалӣ мусоидати назаррас намуд.

Муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор иброз намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва шиддат гирифтани ноустуворӣ дар минтақа дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонро дар асоси 3 сенария, аз ҷумла сенарияи асосӣ, сенарияи номусоид ва сенарияи нисбатан мусоид мавриди арзёбӣ қарор дода, зарурати омодагии кишварҳоро ба хатарҳои эҳтимолӣ ва таҳкими устувории макроиқтисодӣ махсус таъкид менамояд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамзамон бо муовини Президенти Агентии бисёрҷонибаи кафолатҳои сармоягузорӣ (MIGA) Ҷунайд Камал Аҳмад вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи имконоти MIGA дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, бахусус идоракунии фурудгоҳҳои мамлакат тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, бахши молиявӣ ва маблағгузории сабз зоҳир гардид.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки давоми ду ҳафтаи наздик намояндагони MIGA ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, имконияту омодагии лоиҳаҳоро дар самтҳои гуфташуда арзёбӣ намоянд.

Инчунин мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳад Азур баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии доимии Хазинаи байналмилалии асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба вазъи кунунии иқтисодиёти мамлакат ва дурнамои ҳамкории минбаъда маълумоти мушаххас пешниҳод кард.

Дар мулоқот иҷрои муваффақонаи барномаи Хазинаи байналмилалии асъор таъкид шуда, иброз гардид, ки натиҷаҳои мусбати он барои таҳкими эътимоди шарикони рушд ва сармоягузорон, инчунин густариши имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби маблағгузории байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.


Ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор барои идомаи ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таҳкими суботи макроиқтисодӣ, такмили сиёсати буҷетию андозӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, рушди бахши хусусӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, пешниҳоди кумаки техникӣ, пешбурди ислоҳоти афзалиятнок, рақамикунонии низоми молиявӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ ибрози омодагӣ намуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад