Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт

Май 22, 2026 13:22

ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Санкт-Петербург: муколамаи давраҳо ва мазмунҳо»–таҳти чунин унвон  бахшида ба  35–солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт–Петербурги Русия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  намоиши аксҳои сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург ифтитоҳ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намоиши аксҳои сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург «Санкт-Петербург: муколамаи давраҳо ва мазмунҳо»   бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар доираи баргузориии Рӯзҳои Санкт-Петербург  дар шаҳри Душанбе созмон дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи  намоиш узви ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳр Евгений Григориев, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург Нана Гвичия,  муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода  ва намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вера Хуторская  дар бораи аҳамияти мубодилаи фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт Петербург сухан гуфтанд.

Дар намоиши аксҳои сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург 24 акси бадеӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки симои гуногунҷабҳаи шаҳри соҳили дарёи Неваро муаррифӣ намуданд. Дар аксҳо манзараи нодири пойтахти шимолӣ, қалъаҳои таърихии замони Пётр ва қасрҳои бошукуҳу биноҳои муосир инъикос ёфтаанд.    

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 22, 2026 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд