Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои мондагор ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо иштироки ҳайати устодон ва шогирдон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба ин муносибат дар толори китобхона намоиши осори илмии Пешвои миллат ва китобу мақолаҳои олимону муҳаққиқон дар бораи Президенти Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.
Иштирокдорон дар мавзуи «Осори Пешвои миллат дар роҳи худшиносии миллӣ» сухан намуда, аҳамияти сиёсию фарҳангии осори Президенти Тоҷикистонро таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки мазмун ва муҳтавои асарҳои Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки ҳар насл ва ҳар фарди комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол занҷирае дар таърихи башарият буда, тавассути мавҷудияти худ гузаштаро ба ояндаи дурахшони миллат мепайвандад. Аз ин лиҳоз, ҷавононро мебояд, ки ҳамеша асарҳои пурмазмуну таърихии Пешвои миллатро мутолиа намоянд.
Барои иштирок дар озмун беш аз 100 донишҷӯи Донишгоҳ номнавис гардида, ба даври якуми озмун 20 донишҷӯи беҳтарин ва фаъол роҳ ёфт. Иштирокдорони озмун асосан дар атрофи асарҳои Пешвои миллат «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» мубоҳиса намуданд.
Дар натиҷаи машварати аъзои ҳакамон се донишҷӯ, ки гузоришҳои пурмазмун намуда, ба саволҳои ҳакамон ҷавобҳои дуруст доданд, ғолиби даври якуми озмун дониста шуда, барои иштирок дар даври дуюми (ниҳоии) Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» пешниҳод гардиданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






