Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 майи соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» корманди масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавс Исроил иттилоъ дод.
Ҳамоиши имсола таҳти унвони «Осорхона – ҳудуди оянда» баргузор гардида, масъалаҳои рушди фаъолияти осорхонаҳо, истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии мероси фарҳангӣ, ҷалби насли ҷавон ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва таҳкими робитаи наслҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» беш аз 600 нафар маърӯзачӣ иштирок намуд, ки 48 намояндаи хориҷӣ аз 28 кишвари ҷаҳон, аз қабили Бразилия, Чин, Ветнам, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср, Ҳиндустон, Сербия, Ироқ, Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар давлатҳоро дар бар гирифт. Иштироки васеи намояндагони кишварҳои гуногун аз аҳамияти байналмилалӣ ва нуфузи баланди фестивал дарак медиҳад.
Фестивал ҳамчун майдони муҳимми байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳои кишварҳои гуногун арзёбӣ мегардад.
Дар доираи ҳамоиш ҷаласаи пленарӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони воломақоми соҳаи фарҳанг ва осорхонашиносӣ, аз ҷумла директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода иштирок намуда, дар мавзуи «Коллексияи таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон» маърӯза намуд.
Дар маъруза оид ба аҳамияти таърихиву фарҳангии коллексия, нақши он дар муаррифии давлатдории навини тоҷикон ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва рушди мероси миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, дар доираи фестивал масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳои кишварҳои иштирокчӣ, табодули таҷрибаи касбӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти осорхонаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ, густариши ҳамкории осорхонавӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






