Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Агаси Арутюнян оид ба муҳимияти ин чорабинии сатҳи баланд ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мешавад.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз нахустин маротиба дар шаҳри Душанбе Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард. Дар хусуси ҳамкории ФАО бо Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ин чорабинии сатҳи баланд каме маълумот медодед.
Агаси Арутюнян: Баргузории Конфронси минтақавии 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварӣ дар шаҳри Душанбе далели эътирофи нақши афзояндаи Тоҷикистон дар рӯзномаи минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ, кишоварзии устувор, иқлим ва захираҳои об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Нахустин маротиба аст, ки Тоҷикистон конфронси ФАО-ро дар сатҳи баланд мизбонӣ намуда, давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро барои муколамаи стратегӣ оид ба масъалаҳои асосии озуқаворӣ ва кишоварзӣ муттаҳид менамояд. Ин конфронс барои намоиши дастовардҳои Тоҷикистон, иқтидори кишоварзии он, анъанаҳои кишоварзии кӯҳистон ва омодагии он барои хидмат ба платформаи фаъол барои ҳамкории минтақавӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Махсусан, мехоҳам ҳамкории созанда ва хеле наздикро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи мақомоти дахлдори давлатӣ таъкид намоям.
Омодагӣ ба чунин чорабинии бузурги байналмилалӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҳаррӯзаро талаб мекунад ва мо касбият, шаффофият ва садоқати шарикони миллиро барои муваффақияти конфронс баланд арзёбӣ мекунем. Ин ҳамкориро минбаъд низ тақвият дода, ба натиҷаҳои дигари назаррас умед мебандем.
Аз ибтидо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи баланди ҳамкории байни ниҳодҳоро таъмин кард, ки калиди ташкили чорабинии чунин миқёс аст. Ҷаласаҳои ҳамоҳангсозӣ мунтазам оид ба интиқол (логистика), протокол, бақайдгирии ҳайатҳо, дастгирии раводид, ҷойгиркунии иштирокчиён, нақлиёт, амният, ташкили вохӯриҳои дуҷониба ва барномаи асосии конфронс баргузор шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла муколамаҳои вазирон ва вохӯриҳо байни Директори генералии ФАО ва роҳбарияти мамлакат равона карда шуд.
Барои Тоҷикистон мизбонии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварӣ на танҳо як чорабинии дигари байналмилалӣ, балки як имконияти муҳим барои тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва муаррифии дастовардҳои кишвар дар соҳаи кишоварзии устувор, амнияти озуқаворӣ ва рӯзномаи марбут ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сатҳи баланди саҳмгузорӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ба конфронс миннатдорӣ изҳор менамоем.
АМИТ «Ховар»: Ҳадафҳои асосии Конфронси 35-уми минтақавии ФАО дар Душанбе кадомҳоянд?
Агаси Арутюнян: Мақсади асосӣ муайян кардани афзалиятҳои стратегии кори ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ду соли оянда мебошад. Мавзӯи асосии конфронс «Муттаҳидӣ баҳри устуворӣ» буда, дар он муҳокимаи роҳҳои беҳтарини муттаҳид кардани амалҳои марбут ба тағёирйбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва барқарорсозии захираҳои замин барои тағйир додани низоми кишоварзӣ ва озуқаворӣ мебошад. Рӯзнома инчунин масъалаҳои маблағгузорӣ, равиши Солимии ягона, идоракунии бемориҳои фаромарзии ҳайвонот, пешгӯии стратегӣ ва баррасии натиҷаи фаъолияти ФАО дар минтақа барои солҳои 2024-2025-ро дар бар мегирад.
АМИТ «Ховар»: Чаро маҳз Тоҷикистон барои мизбонии конфронс интихоб шуд?
Агаси Арутюнян: Тоҷикистон аз соли 1995 аъзои боэътимоди ФАО мебошад. Тоҷикистон аввалин мамлакат дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ буд, ки ба ташаббуси «Даст ба даст»-и ФАО ҳамроҳ шуд. Дар доираи ин ҳамкорӣ, Тоҷикистон мунтазам лоиҳаҳои инноватсиониро оид ба рақамикунонии кишоварзӣ ва рушди занҷираи арзиш, ба монанди рушди зардолу дар доираи ташаббуси ФАО «Як кишвар, як маҳсулоти афзалиятнок» пешбарӣ мекунад.
Ба наздикӣ дар доираи ташаббуси Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (ГИАХС) барои низоми беназири кишоварзии водии Алмосӣ эътирофи байналмилалӣ гирифт. Тоҷикистон инчунин пайваста ҳамчун ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ дар дипломатияи об ва ҳифзи пиряхҳо амал мекунад.
Дар ин замина ташаббус ва омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мизбонии 35-умин ҷаласаи Конфронси минтақавии ФАО барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ махсусан қадр карда мешавад. Пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе торафт бештар ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ табдил меёбад. Қарори мизбонии ин конфронс дар Тоҷикистон эътирофи мавқеи афзояндаи байналмилалии кишвар ва нақши муҳими он ҳамчун шарики калидӣ дар минтақа мебошад.
АМИТ «Ховар»: Кадом мавзуъҳои калидӣ дар конфронс баррасӣ хоҳанд шуд? Кадоме аз онҳо барои Тоҷикистон махсусан муҳиманд?
Агаси Арутюнян: Мавзуъҳои рӯзномаи конфронс аз се самти ба ҳам алоқаманд иборат мебошанд: ҳамгироии амалҳои марбут ба иқлим, инчунин ҳифзи гуногунии биологӣ, баланд бардоштани устувории системаҳо ва сафарбар кардани маблағгузорӣ ҷиҳати тағйири онҳо. Барои Тоҷикистон мавзӯъҳои устуворӣ ба тағйирёбии иқлим (обшавии пиряхҳо, норасоии об), идоракунии захираҳои замин ва об, рушди деҳот ва дастрасӣ ба маблағгузории сабз муҳим мебошанд. Баррасии ин масъалаҳо мустақиман бо афзалиятҳои миллии кишвар дар самти афзоиши ҳосилнокии кишоварзӣ ва коҳиши осебпазирии ҷомеаҳо дар деҳот мувофиқат мекунад.
АМИТ «Ховар»: Баргузории конфронс ба рушди кишоварзӣ ва тақвияти амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон то чӣ андоза мусоидат менамояд?
Агаси Арутюнян: Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе муҳаррики пуриқтидор барои ҷалби сармоягузорӣ ва шарикӣ хоҳад буд. Конфронс платформаи мустақимро ҷиҳати муколама байни Ҳукумати Тоҷикистон, муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва бахши хусусӣ фароҳам меорад. Тоҷикистон аллакай лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузориро дар бахшҳои зерин: дар истеҳсоли тухмии картошка, боғдорӣ ва рушди чарогоҳҳо — ҳамчун як қисми ташаббуси «Даст ба даст» муаррифӣ мекунад. Ин чорабинии пурнуфуз таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба имкониятҳои Тоҷикистон ҷалб мекунад. Қабули қарорҳоро оид ба маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи обёрӣ, интиқол, коркард ва хидматрасонии рақамӣ ба кишоварзон суръат мебахшад.
АМИТ «Ховар»: Дар конфронс фаъолияти ФАО ва кишварҳои минтақа дар ду соли оянда муайян мегардад. Қаблан гуфта метавонед, ки он кадом самтро бештар фаро мегирад?
Агаси Арутюнян: Конфронси минтақавӣ мақоми роҳбарикунандаи ФАО мебошад. Дар конфронс фаъолияти ФАО дар соли 2024-2025 мавриди баррасӣ қарор мегирад. Натиҷаи он гузорише хоҳад буд, ки афзалиятҳои фаъолиятро барои солҳои 2026-2027 муайян мекунад. Таваҷҷуҳ ба афзоиши маблағгузорӣ ва тақвияти нақши илм, инноватсия ва бахши хусусӣ дар ҳалли мушкилоти озуқавории минтақа равона карда мешавад.
АМИТ «Ховар»: Конфронс барои кишоварзон, сокинони деҳот ва бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ манфиатҳо оварда метавонад?
Агаси Арутюнян: Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе на танҳо як конфронси байналмилалӣ, балки платформае барои ташаккули шарикии нав ва ташаббусҳои амалӣ дар бахши кишоварзӣ мебошад. Барои Тоҷикистон ин имкониятест барои ҷалби таваҷҷуҳи иловагии шарикони байналмилалӣ ба соҳаҳо, ба монанди истеҳсоли тухмӣ, обёрӣ, кишоварзии рақамӣ, коркарди озуқаворӣ, рушди чарогоҳҳо ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ.
Барои кишоварзон ва сокинони деҳот, ин метавонад маънои васеъ шудани дастрасиро ба технологияҳои муосир, дониш, маблағгузорӣ ва бозорҳо дошта бошад. Ғайр аз ин, конфронс имкониятҳои кишоварзии Тоҷикистонро ба шарикони байналмилалӣ, бахусус дар соҳаҳои кишоварзии кӯҳӣ, истеҳсоли органикӣ ва системаҳои устувори кишоварзӣ муаррифӣ кунад. Мо Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварӣ дар Душанберо ҳамчун як сармоягузории муҳим дар ояндаи кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон мешуморем.
Конфронс имконият фароҳам меорад, ки иштирокчиён Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун кишваре, ки мушкилотро (обшавии пиряхҳо, релефи кӯҳӣ, заминҳои маҳдуди кишт) ҳал мекунад, балки онро ҳамчун як озмоишгоҳи зинда барои роҳҳои ҳалли устувор бинанд.
Тоҷикистон дорои гуногунии биологии беназир, аҳолии ҷавон ва таҷрибаи васеъ дар кишоварзии баландкӯҳ мебошад. Ин макони беҳтарин барои озмоиши лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба иқлим ва коркарди органикӣ мебошад. Имкониятҳои шарикӣ дар ин ҷо хеле бузурганд — аз рақамикунонии обёрӣ то таъсиси кооперативҳои содиротӣ.
Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишовазрӣ дар Тоҷикистон имкониятест барои нишон додани ин тавозун: мушкилот, имкониятҳо ва кушодагии пурра барои ҳамкории мутақобилан судманд.
Мусоҳиб Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозорҳоро бо маҳсулоти босифат таъмин мекунанд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад






