Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Об набояд ба омили ҷудоиандозӣ байни миллатҳо табдил ёбад, балки бояд ҳамчун мероси муштараки башарият барои сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии инсонҳо хизмат намояд. Чунин изҳор дошт Сарвазири Ҷумҳурии Бурунди Нестор Нтахонтюэ зимни суханронӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар шаҳри Душанбе, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба андешаи Нестор Нтахонтюэ, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, бахусус ҳадафи шашум вобаста ба таъмини дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва беҳдошт барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Сарвазири Бурунди таъкид намуд, ки оби тозаи нӯшокӣ ва хизматрасониҳои санитарӣ аз муҳимтарин омилҳои ҳифзи саломатии инсон ба шумор рафта, ҳуқуқ ба оби бехатар ва беҳдошт ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳуқуқҳои инсон эътироф шудааст.
Нестор Нтахонтюэ изҳор дошт, ки «мушкилоти дастрасӣ ба об ва санитария, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рӯ ба рушд, бахусус давлатҳои Африқо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҷумҳурии Бурунди барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, таҳкими низоми беҳдошт ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ менамояд».
Ба назари ӯ, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла дар ҳавзаҳои фаромарзӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди устувор мебошад.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Бурунди ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бахши идоракунии муштараки захираҳои обӣ аҳаммияти махсус дода, ҷонибдори истифодаи одилонаю устувори об мебошад.
Сарвазири Бурунди ҳамчунин ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об ва иқлим, аз ҷумла ташаббусҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обро баланд арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки Душанбе имрӯз ба платформаи муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфта, Конфронси оби СММ дар соли 2026 марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар ин самт арзёбӣ мегардад.
Дар суханронӣ инчунин ба таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои табиӣ ва гурӯҳҳои осебпазир, бахусус занону кӯдакон ишора гардида, зарурати истифодаи роҳҳои инноватсионӣ, табодули дониш, рушди технологияҳои муосир ва ҷалби ҷавонону занон ба раванди қабули қарорҳо таъкид карда шуд.
Нестор Нтахонтюэ дар анҷоми суҳбат гуфт, ки «ҳеҷ давлат наметавонад дар танҳоӣ бо мушкилоти глобалии вобаста ба об ва иқлим мубориза барад. Танҳо тавассути ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи иқдомҳои муштарак метавон барои наслҳои оянда ояндаи амну устуворро таъмин кард».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд






