ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои олимон, оби дарёи Сиёма дар тамоми фасли сол тоза буда, аз барф ва пиряхҳо ташаккул меёбад. Он хеле сарду мусаффо буда, ҳатто сангҳои дар қаъри дарё қарордоштааш ба чашм аён мешаванд, аз ин рӯ дарёи Сиёма ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон ворид гардидааст.
Чунин иттилоъ дода шуд зимни сайру саёҳат ба дараи Варзоб ба меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Истиқболи гарму самимии меҳмонон
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳайати меҳмонону иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанберо дар дараи хушманзараи Варзоб гарму самимӣ ва бо навои мусиқӣ, тарона ва нону намак истиқбол намуда, ба онҳо доир ба зарфият ва иқтидори захираҳои обӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, хусусан дараи Сиёма маълумот пешниҳод намуданд.
Сарчашмаи дарёи Сиёма — беш аз 4 ҳазор метр баландӣ
Оби дарёи Сиёма, ки аз қуллаҳои баланди қаторкӯҳҳои Ҳисор, аз баландии 4208 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад, соли 2001 дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид. Дарозии дарёи Сиёма 21 километрро ташкил медиҳад ва дар ҳавзаи дарё ягон нуқтаи аҳолинишин вуҷуд надорад. 78,4 фоизи масоҳати ҳавзаи дарёи Сиёмаро кӯҳҳои санглох, хирманҳо, пиряхҳо ва майдонҳо, инчунин 18,8 фоизи майдони умумии ҳавзаро алафзори ғафс, марғзори субалпӣ ва кӯҳӣ, 2,8 фоизашро буттазор ва ҷангалзор ташкил медиҳанд.

Тарма бо баландии беш аз 1 метр дар соҳилҳои дарёи Сиёма
Меҳмонону иштирокдорони Конфронси Раванди оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиребу нотакрори табиати зебои дараи Сиёма, хусусан дарёи кӯҳии Сиёма ва оби мусаффои он ба ваҷд омада, қад-қади соҳили рости он ба масофаи 1 км ҳаракат намуданд ва аз насими хушу форами оби мусаффои ин муъҷизаи табиат-дарёи Сиёма роҳат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар кӯҳҳои атрофи дарё барфи зиёд боридааст ва то ҳанӯз дар баъзе аз соҳилҳои дарёи Сиёма тарма, ки баландиаш ба як метр мерасад, мавҷуд аст. Барои меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сатҳи баланд басе гуворо буд, ки онҳо аз болои тарма қадам гузошта, табиати назаррабои ин мавзеъро тамошо намуданд ва дар канори ин рӯдхонаи зебоманзар аксу наворҳои ҷолиб бардоштанд.
Намоиши манзараҳои табиати зебои Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital»
Зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» яке аз меҳмонони Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе — хабарнигори телевизиони миллии Покистон — «Pakistan TV Digital (PTV)» Фароз Саид иброз намуд, ки «ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон аст. Ман ба ҳайси хабарнигори телевизиони миллии Покистон, ки беш аз 300 миллион тамошобин дорад, барои бозтоби ҷараёни Конфронси чоруми байналмилалиии сатҳи баланди оби Душанбе ба Тоҷикистон омадаам. Имрӯз ба ман муяссар гардид, ки манзараҳои ҷолиби яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикистон -дараи Сиёмаро тамошо намуда, гузориш омода созам. Воқеъан ман бо чашми сар дидам, ки табиати дараи Сиёма, хусусан дарёи Сиёма хеле назаррабо ва дилфиреб буда, қалби ҳар бинандаро беихтиёр тасхир менамояд ва барои сайру саёҳат мавзеи нотакрори сайёҳист.
Шоҳкориҳои нодири табиати Тоҷикистон аз нигоҳи меҳмон аз Гаити
Иштирокчии дигари Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе, намояндаи Гаитӣ Фалс -Аме Валери зимни ибрози таассуроташ аз Тоҷикистон, хусусан дараи Сиёма чунин гуфт: «Имрӯз ман зимни тамошои дараи Сиёма худро дар оғӯши кӯҳҳои баланди барфпӯш, зебоиҳои табиати дилфиребу воқеан афсонавии ин мавзеи нотакрор эҳсос намудам. Ман ҳоло дар соҳили дарёе қарор дорам, ки обаш хеле мусаффост ва дар радифи даҳгонаи беҳтарин дарёҳои дунё қарор дорад ва обаш ончунон зулолу соф аст, ки ҳатто қаъри дарёро мебинӣ. Ва ман мушоҳида намудам, ки дар рӯи мизҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе зарфҳо бо оби дарёи Сиёма гузошта шуда буд, ки таъмаш хеле ширин буд. Ба назари ман ин мавзеъ барои рушди сайёҳӣ дар кишвари шумо хеле муносиб аст. Зеро ҳар соҳили ин дарёи шӯхоби кӯҳӣ, харсангҳои азими ин рӯд, ки болояш нишаста, акс ҳам бардоштам, растанию дарахтони гуногун, гулу гиёҳ ва кӯҳҳои атрофиаш шоҳкориҳои нодир ва нотакрори табиатанд, ки ҳар бинандаро ҳайратзада менамоянд».
Хотироти фаромӯшнашавандаи меҳмонон аз дидани Сиёма ва «Сафеддара»
Меҳмони дигари Конфронси сатҳи баланди Душанбе аз Лубнон Антони Баув гуфт, ки «қабл аз омадан ба Тоҷикистон ман аз шабакаҳои интернетӣ дар бораи кишвари шумо иттилоъ гирифтам. Бароям маълум шуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои Осиёии кӯҳистонист ва дорои захираҳои обию энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Бо ин ҳама имконияту иқтидори бойи обию табиӣ, ки табиат ба сарзамини Тоҷикистон ато намудааст, метавон дар ин ҷо навъҳои гуногуни сайёҳиро рушд дод. Хусусан, барои ман роҳи танобие, ки дар Маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафеддара» насб гардидааст, хеле ҷолиб буд. Зеро тавассути ин роҳи танобӣ масофаи беш аз 1,5 км –ро тай намуда, ба баландии қариб 4 ҳазор метр баромадам. Мавзее, ки дар он барф ва тарма ҳанӯз дар оғӯши кӯҳҳои баланд побарҷост ва ҳавояш ҳам сард буд, вале ман бо дидани тамоми ин шоҳкориҳои нодири табиати афсункор сардиро эҳсос накардам. Саёҳат ба Сиёма ва «Сафеддара» дар саҳифаи хотироти ман чун яке аз рӯзҳои хуштарин ва фаромӯшношуданӣ боқӣ хоҳад монд, зеро ман зимни тамошои манзараҳои ҷолиби як гӯшаи табиати биҳиштосои Тоҷикистон хеле роҳат кардам».
– Бо дидани манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, хусусан мавзеи Сиёма ва Маҷмаи варзишию сайёҳии «Сафеддара», ки ман бори нахуст тамошояшон намудам, ба хулосае омадам, ки Тоҷикистон бо ин қадар иқтидори бойи обию табиати афсункор дар соҳаи сайёҳӣ кишвари ояндадор аст, — чунин гуфт Роман Сергей, иштирокчии Конфронси оби Душанбе аз Узбекистон.
Роман Сергей афзуд, ки «ман аз тамошои дарёи Сиёма, ки дарёи хеле шӯхоби кӯҳист ва бо суръати баланд дар ҷараён буда, обаш софу зулол мебошад, хушҳол гардидам ва дидам, ки Тоҷикистон воқеан кишвари дорои захираҳои бойи обӣ, хусусан обҳои софу хуштаъм аст, ки метавон онро ба давлатҳои хориҷӣ содирот намуд. Баргузории Конфронси сатҳи баланди Душанбе дар ҳалли мушкилоти марбут ба оби сайёра қадами муҳим мебошад. Он давлатҳои ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки дар самти ҳифзи захираҳои обӣ, оқилона истифода намудани он, вазъи таъмини марбут ба об, хусусан татбиқи Ҳадафи 6-уми Рушди устувор тадбирҳои муассир андешанд ва ҳамкориро дар ин самт тақвият диҳанд».
Ясуаки Фудзии: «Тоҷикистонро чун сарзамини офтобӣ бо мардумони некухисолу меҳмоннавоз» дарёфтам
Роҳбари намояндагии ширкати ҷопонии «Марубени Корпорейшн» Ясуаки Фудзии мегӯяд, ки «маро бештар хоксорию меҳрубонӣ ва меҳмондӯстии тоҷикон, ки яке аз мардумони дорои таъриху фарҳанги қадимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд ва манзараҳои ҷолибу дилрабои табиати Тоҷикистон ба ваҷд оварданд. Зимни сафар ба Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе ман мушоҳида намудам, ки чӣ гуна мардуми тоҷик дар ҳифзи фарҳангу тамаддунии худ хеле устуворанд. Аз ин сафар Тоҷикистон дар хотироти ман ҳамчун сарзамини офтобӣ бо мардумони некухисолу меҳмоннавоз ва табиати нотакрор, обҳои софу зулол нақш баст. Инро ҳатто ҳамсарам, ки ҳамроҳ дар конфронс иштирок намудем, таъкид кард. Ба андешаи ман баргузор шудани Конфронси сатҳи баланди Раванди оби Душанбе ҷомеаи ҷаҳонро водор месозад, ки дар муносибат бо об, ки сарчашмаи ҳаёт аст, оқилона рафтор намоянд. Тарҳҳоеро таҳия ва татбиқ намоянд, ки ба ҳалли мушкилоти марбутаи об дар сайёра мусоидат намоянд».
Тоҷикистон — сарзамини сайёҳӣ
Ташкили сайру саёҳат барои меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сатҳи баланди Раванди оби Душанбе ба гӯшаю канори мамлакат, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак», Қалъаи Ҳисор, шаҳри Душанбе, дараи Сиёма ва «Сафеддара» дар муаррифии иқтидори обию энергетикӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихию бостонӣ ва рушди пешрафти Тоҷикистон, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гардидааст, дар маҷмуъ дар баланд гардидани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мегузорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Варзоб-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчиёни Конфронси 4-уми байналмилалӣ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо мекунанд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд






