Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд

Июнь 5, 2026 11:42

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3-6 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2026) баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар маросими ифтитоҳи расмӣ, чорабиниҳои канорӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии молу маҳсулот иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ зиёда аз 20 ҳазор иштирокчӣ аз сохторҳои давлатӣ, сармоягузорон, ҷавонон, варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои молиявӣ, соҳибкорону молистеҳсолкунандагон ва донишмандону олимон аз 130 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар ҳошияи форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо ва дастурҳои роҳбарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буданд, пайгирӣ намуданд.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар самти содироти меваи тару тоза, хушк ва сабзавот, аз ҷумла содироти ангурро аз Тоҷикистон ба Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки амалишавии иқдомҳои гузошташуда ба таъмини устувории маҳсулот, сифати маҳсулот ва васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2026 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст