Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»

Июнь 29, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар соҳаи тиб бо ибтикори Президенти муҳтарами  Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми арзишманди фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад, ки сазовори таҳсину қадрдонии фаровон аст. Ин иқдом на танҳо эҳтиром гузоштан ба яке аз бузургтарин чеҳраҳои илмӣ ва фалсафии тоҷикону эрониён ва ҷаҳони ислом маҳсуб мешавад, балки қадами муассире дар муаррифии ҳарчи беҳтари ҷойгоҳи ҷаҳонии Шайхурраис Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино аст. Андешаманде, ки осор ва афкори ӯ садсолаҳо бар донишҳои тиб, фалсафа, мантиқ ва улуми табиӣ дар Шарқу Ғарб таъсиргузор будааст.

Ибни Сино аз ҷумлаи шахсиятҳои нодири таърихи илм аст, ки шуҳрати ӯ аз марзҳои ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ фаротар рафта, ба мероси муштараки башарият табдил ёфтааст. Китоби машҳури ӯ «Ал-қонун фӣ-т-тиб» на танҳо муҳимтарин асари тиббии ҷаҳони ислом маҳсуб мешавад, балки барои чандин қарн яке аз мӯътабартарин манобеи омӯзиши тиб дар донишгоҳҳои Аврупо будааст. Пажӯҳишҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ин китоб аз қарни сездаҳум то шонздаҳуми милодӣ дар марказҳои муҳими илмии Аврупо, аз ҷумла донишгоҳҳои Монпелеи Фаронса, Болонияи Италия ва дигар марказҳои илмии он давра тадрис мешуд ва наслҳои зиёди табибони аврупоӣ донишҳои худро аз роҳи он фаро гирифтаанд.

Рамзи пойдории «Қонун»-ро бояд дар низоммандӣ ва ҷомеияти он ҷустуҷӯ кард. Ибни Сино тавонист маҷмӯаи азими донишҳои тиббии рӯзгори худро дар қолаби муназзам, илмӣ ва омӯзишӣ танзим намояд. Ин асар аз панҷ китоб иборат буда, аз мабонии назарии тиб то шинохти доруҳо, бемориҳо ва роҳҳои гуногуни муолиҷаро дар бар мегирад. Ҳамин сохтори дақиқ ва мантиқӣ сабаб гардид, ки «Қонун» ба китоби дарсии меъёрии тиб дар ҷаҳони ислом ва баъдан Аврупо табдил ёбад ва даҳҳо шарҳу тафсир бар он навишта шавад.

Аҳамияти Ибни Сино танҳо ба тиб маҳдуд намешавад. Ӯ дар фалсафа низ ҷойгоҳи мумтоз дорад ва китобҳое чун «Шифо», «Наҷот» ва «Ишорот ва танбеҳот» аз муҳимтарин осори фалсафии тамаддуни исломӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба мероси фикрии ӯ ниёзманди нигоҳи ҷомеъест, ки ҳам ҷанбаҳои илмӣ ва ҳам ҷанбаҳои фалсафии андешаи ӯро дар бар гирад.

Ҷомеаҳои башарӣ ба дараҷае аз хирадварзӣ ва ақлоният расидаанд, ки бо эътирофи ҳувияти миллии бузургони гузашта, зодгоҳ ва оромгоҳи бузургон ва сармояҳои башариро нишонаи соҳибият ва тасарруф намедонанд. Ин ҷомеаҳо бар онанд, ки нобиғаҳои илмиро бояд аз рӯйи осоре, ки боиси таҳаввул дар таърихи башар шудаанд, арзёбӣ кард ва ба андозаи хидмате, ки башарият аз осори онҳо баҳра бурдааст, онҳоро ҷузъи мероси ҷаҳонӣ донист. Хушбахтона, ин дарки дуруст ва воқеӣ дар андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсиси ин ҷоизаи байналмилалӣ таҷассум ёфтааст. Ӯ медонад, ки Ибни Сино осори илмии худро дар давроне, ки забони арабӣ забони илмии ҷаҳони ислом буд, бештар ба арабӣ таълиф кардааст. Ӯ танҳо ду китоб — «Донишномаи Алоӣ» ва «Меъроҷнома»-ро ба форсӣ/тоҷикӣ навишт, ҳарчанд дар Афшанаи Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омада ва дар Ҳамадони таърихии Эрон даргузаштааст.

Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси Ҷоизаи Ибни Сино нишон додааст, ки нисбат ба мероси миллати тоҷик, ба  мероси  муштараки фарҳангӣ ва илмии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳи амиқ дорад. Ин иқдом метавонад заминасози пажӯҳишҳои нав дар бораи Ибни Сино, ташвиқи донишмандон ва муҳаққиқони ҷавон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Эрони бузург ва ҷаҳони ислом гардад. Ҳамчунин ин ҷоиза метавонад ба муаррифии ҷанбаҳои камтар шинохташудаи шахсияти Ибни Сино дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намуда, номи ӯро беш аз пеш дар маҳфилҳои илмии ҷаҳон матраҳ созад.

Яке аз нишонаҳои нуфузи густурдаи Ибни Сино дар таърихи тамаддуни башарӣ, нашри такрории осори ӯ дар давраи пайдоиши саноати чоп мебошад. Танҳо тақрибан панҷ қарн пеш, ҳамзамон бо густариши чоп дар Аврупо, китоби «Қонун» борҳо ба табъ расид ва дар ихтиёри донишҷӯён ва табибон қарор гирифт. Гузоришҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки нусхаҳои чопии «Қонун» дар садаи шонздаҳуми милодӣ дар марказҳои илмии Аврупо ривоҷи фаровон доштанд ва ҳамчунон манбаи асосии омӯзиши тиб ба шумор мерафтанд. Ин истиқболи камназир аз асаре, ки чандин қарн пештар дар ҷаҳони ислом таълиф шуда буд, гувоҳи равшани азамат ва ҷаҳонӣ будани андешаи Ибни Сино аст.

Хушбахтона, дар даҳсолаҳои охир низ барои эҳёи мероси Ибни Сино дар Эрон ва дигар кишварҳои форсизабон талошҳои арзишманде анҷом гирифтааст. Аз ҷумла, Муассисаи пажӯҳишии «Мироси мактуб» бо нашр ва тасҳеҳи шуморе аз шарҳҳо ва матнҳои марбут ба осори фалсафии Ибни Сино, ба хусус шарҳҳои китоби «Ишорот ва танбеҳот», нақши муҳимме дар зинда нигоҳ доштани суннати фалсафии синавӣ доштааст. Нашри ин осор имкони дастрасии пажӯҳишгаронро ба матнҳои аслӣ ва мероси фикрии шарҳнависони бузурги Ибни Сино фароҳам оварда ва заминаи пажӯҳишҳои навинро густариш додааст.

Ҳамчунин дар арсаи тиб барои муаррифии дубораи «Қонун» хизматҳои арзишманди илмӣ анҷом гирифтааст. Аз ҷумла бояд аз хизмати доктор Наҷафқулӣ Ҳабибӣ ёд кард, ки «Қонун»-ро дар се ҷилд ба форсӣ тарҷума ва нашр намуд ва ба ин васила имкони баҳрабардории насли нави форсизабононро аз ин шоҳкори илмӣ фароҳам сохт. Илова бар ин, эшон дар заминаи нашр ва тасҳеҳи бархе осор ва шарҳҳои марбут ба Ибни Сино низ хизматҳои мондагоре анҷом додаанд, ки сазовори қадрдонӣ аст.

Имрӯз, ки ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба гуфтугӯи илмӣ ва фарҳангӣ миёни миллатҳо ниёз дорад, бозхонии мероси шахсиятҳое чун Ибни Сино аҳамияти дучанд пайдо мекунад. Ибни Сино рамзи пайванди дониш, ақлоният, ахлоқ ва тамаддун аст; шахсияте, ки осораш миёни фарҳангҳои гуногун пули иртиботӣ эҷод кард ва тавонист донишҳои юнонӣ, эронӣ, исломӣ ва сипас аврупоиро дар як ҷараёни бузурги тамаддунӣ ба ҳам пайванд диҳад.

Аз ин рӯ, ибтикори Президенти Тоҷикистон олиҷаноб Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар соҳаи тибро  бояд иқдоме фаротар аз як иқдоми фарҳангӣ донист. Ин ҷоиза дар ҳақиқат таҷлил аз илм, хирадварзӣ, пажӯҳиш ва мероси муштараки тамаддунии тоҷикон ва миллатҳое мебошад, ки Ибни Синоро бахше аз ҳувияти фарҳангии худ медонанд. Умед аст, ки ин ҳаракати арзишманд оғози ҳамкориҳои густардатари илмӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони форсизабон ва ҷаҳони ислом гардад ва наслҳои навро ҳарчи бештар бо шахсият ва осори ин нобиғаи бузурги таърих ошно созад.

Бидуни шак, ҳар иқдоме, ки ба шинохти беҳтари Ибни Сино ва мероси азими ӯ мусоидат намояд, хидмате ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва таърихи илм аст ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино бо ибтикори Президенти муҳтарами Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин иқдомҳои мондагор ва ояндасоз ба шумор меравад.

Акбар ЭРОНӢ,
бунёдгузор ва раиси Муассисаи пажӯҳишии «Мероси мактуб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон

Июнь 29, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
Ваҳдат – роҳе, ки сулҳу ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд