Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид. Экспедитсия аз 9 то 30 июни соли равон дар водии Рашт, аз ҷумла дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш корҳои саҳроӣ ва таҳқиқотӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ оид ба корҳои иҷрошуда, бозёфтҳои нави бостоншиносӣ, натиҷаҳои омӯзиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва таҳқиқоти илмии анҷомёфта маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Иброз гардид, ки корҳои саҳроӣ мутобиқи нақшаи пешбинишуда бомуваффақият анҷом ёфта, дар натиҷаи таҳқиқот маълумоти нави илмӣ оид ба таърих ва фарҳанги қадимаи Тоҷикистон ба даст оварда шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои бадастомадаро муҳокима намуда, барои таҳлили амиқи бозёфтҳо, омода намудани хулосаҳои илмӣ, нашри мақолаҳои муштарак ва густариши ҳамкории минбаъдаи илмӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Фаронса пешниҳодҳо намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамкории илмии Тоҷикистону Фаронса дар самти бостоншиносӣ барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ аҳамияти бузург дошта, идомаи чунин экспедитсияҳои муштарак ба рушди илми бостоншиносӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






