Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд

Июнь 26, 2026 09:48

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш ба масъалаҳои густариши иштироки занон дар хизмати дипломатӣ ва пешбурди равиши фарогир дар муносибатҳои байналмилалӣ  таваҷҷуҳ  зоҳир гардид.

Иштирокдорон оид ба аҳамияти саҳми занон дар рушди дипломатияи муосир, нақши онҳо дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҳифзи сулҳ ва пешбурди рушди устувор ибрози назар намуданд.

Гуфта шуд, ки густариши иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо дар ҳамаи сатҳҳо омили муҳими баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад.

Таваҷҷуҳи махсус ба нақши собиқадорони хизмати дипломатӣ дар ташаккул ва рушди дипломатияи тоҷик зоҳир гардид. Иштирокчиён аҳамияти ҳифз ва интиқоли таҷрибаи касбӣ, дониш ва анъанаҳои дипломатиро ба насли ҷавони мутахассисон таъкид намуданд.

Ҳамчунин аҳамияти пайванди наслҳо ҳамчун яке аз омилҳои калидии таҳкими минбаъдаи мактаби миллии дипломатия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос барои хизмати сиёсати хориҷии мамлакат таъкид карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2026 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд