Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кӯшиши ворид намудани рақами қалбакии давлатии воситаи нақлиёт ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе як ҳолати ворид намудани ғайриқонунии рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои воридоту содироти ғайриқонунии молу маҳсулот тавассути Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», дар хатсайри самти «Москва – Душанбе» як адад бағоҷи мусофир Ш.Е мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар рафти азназаргузаронии бағоҷ дар дохили он як ҷуфт рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами «TJ 0888 DM 01» дарёфт гардид.
Бино ба хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, ин рақам аслӣ набуда, аз рӯи сифати металл, ҷойгиршавии рақамҳо ва ҳарфҳо, чопи голографӣ, мавҷуд набудани штрих-код дар қисми қафо ва дигар аломатҳои муҳофизатӣ аз рақамҳои расмии аз ҷониби мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ додашаванда фарқ мекунад.
Бо назардошти ҳолатҳои ошкоршуда ва дар асоси маводи ҷамъоваришуда, аз ҷониби Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон бо аломатҳои моддаи 212¹ қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






