Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 08.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷониби ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ бунёд карда мешавад. Ин масъала 4 июни соли равон зимни вохӯрии роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо намояндаи ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба МОИ –и «Суғд».
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрии роҳбари МОИ –и «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода бо намояндаи ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» хонум Менг Мин густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ гардид.
Муҳаммад Муҳаммадзода соҳибкори хориҷиро бо фаъолияти минтақа, имтиёзҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон шинос намуда, изҳор дошт, ки маъмурияти минтақа барои ҳамкории судманд бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамаҷониба омода аст. Ҷонибҳо ҷиҳати амалӣ намудани мувофиқаҳои дар суҳбат бадастомада, аз ҷумла бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсолию инноватсионӣ буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 майи соли 2008 таъсис дода шуда, фаъолиятро аз моҳи апрели соли 2009 оғоз намудааст. Дар айни замон шумораи суъбектҳои МОИ «Суғд» зиёда аз 40 ададро ташкил медиҳад.
Субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» на танҳо ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул мебошанд, балки доду гирифти тиҷоратиро бо кишварҳои хориҷӣ вусъат дода истодаанд. Аллакай молу маҳсулоти дар корхонаҳои ин минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолшаванда ба давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон, Туркманистон, Олмон, Ироқ, Туркия ва Федератсияи Русия содирот карда мешавад.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»








Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






