Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад

Июнь 14, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ҳолати 1 январи соли 2026,  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 199 гармхона фаъолият дошта, масоҳати умумии онҳо ба 27,2 гектар баробар мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК- Агро» нақша дорад, ки майдони гармхонаҳоро боз ҳам васеъ намояд. Дар лоиҳаи нави гармхонаи бунёдшаванда гармхонаи истеҳсолӣ — инноватсионии замонавӣ дар минтақаи Сомғори ноҳия бо технологияи пешрафтаи ҳолландӣ сохта мешавад.

Тибқи маълумот, масоҳати умумии гармхонаи нав 6,3 гектарро ташкил дода, баъди ба истифода қарор гирифтан барои афзоиши истеҳсоли сабзавоту маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ дар тамоми фаслҳои сол мусоидат хоҳад кард.

Инчунин солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд бунёди гармхонаҳо вусъати тоза гирифта, ин раванд барои баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ҳамчунин бунёди гармхонаҳои муосир аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ширкати «Барс» иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои нав арзёбӣ гардида, барои таҳкими иқтидори истеҳсолии минтақа аҳамияти калон дорад.

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар ин самт дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир амалӣ карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 14, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд