Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 2503 гектар картошка кишт намуданд. Ҳоло кишти картошкаи тирамоҳӣ дар заминҳои аз ҳосили ҷав холишуда идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Айни замон ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Сироҷ – деҳқон»-и деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент идома дорад. Кишоварзони хоҷагӣ картошкаи барвақтиро дар оғози моҳи феврал дар майдони 8,7 гектар шинонида, парвариши он тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳоло ҷамъоварии ҳосили картошка идома дошта, кишоварзони хоҷагӣ мақсад доранд, ки пас аз ҷамъоварии ҳосили боқимондаи картошка заминро ба кишти такрорӣ омода сохта, дар он сабзӣ, карам, қаланфури булғорӣ ва зироати хӯроки чорво кишт намоянд.
Ҳамчунин дар гармхонаи ширкати «Агро- Моғиён» парвариши помидор, бодиринг ва дигар сабзавот идома дошта, барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва баровардани он ба бозори дохилӣ бо нархҳои дастрас тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






